Кормандони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон узви як созмони байналмиллалии террористиро бо номи мустаори “Усома” боздошт кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии кумитаи мазкур ба рӯзноманигорон хабар додааст.
Дафтари матбуотӣ гуфтааст, “Усома” дар Сурия аз ҷониби мухолифон дар ҷангҳо ширкат доштааст ва дар ҷараёни як амалиёти зиддитеррористӣ боздошт шудааст.
Номи аслии “Усома” Алишер Абдуқаҳҳоров ва соли тавалудаш 1987 аст. Вай дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодканди Қирғизистон ба дунё омадааст.
Кумитаи амният хабар додааст, ки Алишер аз соли 2012 дар қаламрави Сурия қарор доштааст ва баъд аз таълим дар гурӯҳи омодагӣ бар зидди нируҳои давлатии Сурия дар ҷангҳо ширкат мекардааст.