Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони иқтисод ва дохилаи Туркия аз мақом истеъфо доданд


Зафар Ҷаглаён
Зафар Ҷаглаён
Зафар Ҷаглаён вазири иқтисод ва Муаммар Гулер-вазири корҳои дохилаи Туркия рӯзи чаҳоршанбе аз мақоми худ истеъфо доданд. Ин дар ҳолест, ки расидагӣ ба ришвахории мақомоти болоии ҳукумат идома дорад ва ин ришвахорӣ суфуфи аъзои ҳукуматро рахна ва боварии сармоягузорони хориҷиро халалдор кардааст.

Солеҳхон писари Зафар Ҷаглаён аз ҷумлаи 24 нафарест, ки барои ҷиноятҳои силсилаӣ 17 декабр дар иртибот бо парвандаи бонки қарздиҳандаи давлатии Ҳалқбанк ё Халқбонк боздошт шуда буданд. Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия мегӯяд, ин моҷароро аз хориҷ раҳнамоӣ мекунанд, то вазъро дар Туркия ба ҳам бизананд.

Туркия кишварест, ки дар давоми се давраи нахуствазири исломгаро ба пешрафтҳои иқтисодӣ даст ёфтааст, бо вуҷуди ин ки Эрдуғонро чун раҳбари худкома интиқод мекунанд.

Ҷаглаён дар изҳороте, ки рӯзи чаҳоршанбе ба нашр расид, гуфтааст, ки амалиёти 17 декабр “амалиёти касифе бар зидди ҳизб ҳа ҳукумати онҳост”.
XS
SM
MD
LG