Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф аз тарс ба додгоҳ ҳозир нашуд


Додгоҳи Покистон эъломи иттиҳоми расмӣ алайҳи Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи кишварро, ба таъхир андохт, зеро ӯ аз тарс ва ба далоили амниятӣ ба додгоҳ ҳозир нашуд. Қарор буд додгоҳ рӯзи сешанбе ӯро ба хиёнат ба ватан муттаҳам кунад, аммо ҳоло муҳокима то рӯзи якуми январ ба таъхир гузошт. Баъди онки дар роҳи Парвиз Мушарраф ба сӯи додгоҳ бомб пайдо карданд, ӯ ба додгоҳ наёмад. Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, як километр дуртар аз хонаи Парвиз Мушарраф бомб ва ду туфангча пайдо карданд. Раиси ҷумҳури собиқи Покистонро, ки аз роҳи табаддулоти низомӣ ба қудрат расид, барои он ба хиёнат муттаҳам мекунанд, ки соли 2007 баъзе аз додрасҳоро боздошт кард ва баъзеи дигар, аз ҷумла раиси додгоҳи олиро аз мақомаш барканор намуд. Додрасҳо дар он замон қарори Парвиз Мушарраф дар бораи эълони вазъи фавқуллода ва мутаввақиф кардани иҷрои Қонуни Асосиро беасос дониста буданд. Парвиз Мушарраф моҳи март аз Лондон ба кишвараш баргашт ва алайҳи ӯ чанд парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
XS
SM
MD
LG