Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Маханов бо 5 айбнома ба додситонӣ меравад


Алимурод Маханов.
Алимурод Маханов.

Парвандаи Алимурод Маханов, машҳур бо лақаби «устод» аз ҷониби муфаттишони КДАМ дар ҳудуди се ҷилд ба анҷом расида ва барои тасдиқ ба Додситонии кулл фиристода хоҳад шуд.

Умедҷон Бобоҷонов, вакили мудофеи Алимурод Маханов рӯзи 24-уми декабр ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тафтишоти пешакии парвандаи зерҳимояашро ба анҷом расонида, ӯро ба 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ, айбдор кардаанд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, «Маханов тибқи моддаи 179 бо «терроризм», бо моддаи 179 қисми 2-- «ҷалб кардани афрод ба гурӯҳи ҷиноӣ», моддаи 187 қисми 1» -- ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», қисми 2-и ҳамин модда -- «бо маслиҳати пешакӣ ҷалби ашхос ба гурӯҳи муташакили ҷиноӣ ва бо моддаи 307 -- «созмон додани гуруҳи экстремистӣ ва ширкат дар созмони террористӣ (ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон) айбдор дониста шуда, парвандаи сеҷилдаи ӯ ба додситонӣ фиристода хоҳад шуд».

Умед Бобоҷонов афзуд, ки зерҳимояи вай бо ду ҷурми дигаре низ муттаҳам дониста мешуд, аммо онҳо исботи худро наёфтанд: «Маханов бо айби сарҳадшиканӣ ва бо худ гардонидани силоҳ муттаҳам дониста мешуд, ки дар тафтишоти пешакӣ ин айбҳо исботи худро наёфтанд ва аз парванда ҳазф карда шуданд».

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки дар охирҳои моҳи ноябр нахустин мурофиаи гурӯҳи Махановро оғоз карда буд, ба далели нокофӣ будани тафтишоти пешакӣ мурофиаро ба моҳи декабо мавқуф гузошта буд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон шоми 24-уми сентябри соли равон бо пахши як филми мустанади тақрибан 15-дақиқагӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон аз боздошти гурӯҳи Маханов, ки ба гуфтаи ин мақомот, ба анҷоми “ҳамлаҳои террористӣ” дар Душанбе дар пешорӯи интихобот омодагӣ мегирифт, хабар дод.

Алимурод Маханов, ки раҳбари ин гурӯҳ ном бурда мешавад, дар ин навор эътироф мекунад, ки онҳо мехостанд, чанд гӯша дар маркази Душанберо “бикафонанд.” Ӯ аз ҷумла аз биноҳои вазорати умури дохила ва кумитаи давлатии амнияти миллӣ ном бурд: “Моҳи ноябр гуфтанд. Мехостанд ки қабл аз интихобот шикаст бидиҳанд ин мамлакатро.”

Гӯяндаи навор илова карда буд, ки Алимурод Маханови 29-сола қабл аз боздошташ алакай чанд амали тахрибкорӣ ва таркишро дар Душанбе анҷом дода буд ва “аз манзилҳои иҷораи аъзои гурӯҳи ӯ дар кӯчаҳои Фучик ва Қаробоев 2 туфангчаи Макаров ва адабиёти ифротӣ, нақшаҳои таркиш ва тарзи тайёр кардани маводи тарканда, воситаҳои мухобира.. ва сарулибоси ҷангӣ барои содир намудани амалиёти тахрибкорӣ дарёфт ва мусодира гардид.” Вале мушаххасан гуфта нашуд, ки ин таркишҳо аз тарафи Маханов кай ва дар куҷои пойтахт сурат гирифтаанд?

Аммо Алимурод Маханов, ки дар боздоштги КДАм қарор дорад, тавассути наздиконаш гуфтааст, ки ба ҳеҷ кадом аз иттиҳомоти алайҳаш эълоншуда дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ розӣ нест ва ба ягон амали террористӣ даст назадааст.
XS
SM
MD
LG