Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писарони ду вазири туркро боздошт карданд


Маъмурони пулиси Туркия 16 нафар аз ҷумла писарони вазири иқтисод ва умури дохилӣ ва яке аз мудирони бонки давлатии “Халқбанк”-ро боздошт кардаанд. Гузоришҳо дар ин бора дар расонаҳои туркӣ рӯзи шанбе нашр шуд ва дар ҳоле, ки ҳукумати Туркия тафтишу боздоштҳои ахирро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва гуфтааст, ки мақомоти интизомӣ ин корро барои беобрӯ кардани ҳукумат дар остонаи интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ва раёсати ҷумҳурӣ мекунанд, ки қарор аст, соли оянда баргузор шаванд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, рӯзи ҷумъа дар посух ба боздошти писарони вазирони ҳукуматаш, сардорони чанд раёсати пулисро аз ҷумла дар шаҳрҳои Анкара ва Истанбул аз мақомҳояшон барканор кард. Пулиси Туркия, фарзандони вазиронро ба ришвахорӣ ва тақаллуби молӣ муттаҳам мекунад. Гуфта шудааст, ки ин гурӯҳ бо вуҷуди таҳримоти фурӯши фулузоти гаронбаҳо ба Эрон аз роҳҳои ғайриқонунӣ бо пули нафти ин кишвар махфиёна тилло харида ва тариқи Дубай ба Теҳрон фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG