Пайвандҳои дастрасӣ

Кобул мегӯяд, минтақа дар мубориза бо ҳероин ҷиддӣ нест


Вазорати маводи мухаддири Афғонистон стратегияи нави минтақавии мубориза бо маводи мухаддирро барои намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна муаррифӣ кард.

Мақомоти ин вазорат мегӯянд, бар асоси стратегияи нав, кишварҳои минтақа бояд дар боздошти қочоқчиёни бузург ва кашф ва мусодираи маводи мухаддир амалан иқдом кунанд. Муовини вазири мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон ин изҳоротро рӯзи ҷумъаи 20-уми декабр дар дувумин рӯзи Конфронси байналмилалии гуфтугӯҳои Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Миёна дар Кобул иброз дошт.

Ҳорунрашид Шерзод афзудааст, агар стратегияи минтақавии мубориза бо маводи мухаддир аз сӯи кишварҳои минтақа амалӣ гардад, мизони кишт, қочоқ ва тавлиди маводи мухаддир коҳиш меёбад: "Имрӯз мо ба кишварҳои минтақа як стратегияи минтақавиро муаррифӣ кардем, ки ташхиси мушкил ва ҳалли мушкил аз тариқи ҳамин стратегияи муштарак аст. Дар ин, шохисҳои мушаххас ҷой дода шудааст, ки чӣ қадар ҷадвали мусодираи маводи мухаддир баланд биравад."

Дар дувумин рӯзи Конфронси байналмилалии гуфтугӯҳои Афғонистон ва Осиёи Миёна намояндагони 15 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок кардаанд. Ин Конфронс аз сӯи Иститути мутолеоти стратегии Афғонистон баргузор шудааст. Афғонистон мегӯяд, бо он ки кишварҳои минтақа ҳамеша ба хотири мубориза бо маводи мухаддир ваъда медиҳад, аммо то ҳанӯз ҳеҷ яке аз онҳо ба тааҳҳудоти худ амал накардаанд.

Дар ҳамин ҳол шуморе аз коршиносони умур низ таъйид кардаанд, ки кишварҳои минтақа ҳеҷ гоҳ дар амри мубориза бо маводи мухаддири амалан иқдом накардаанд. Аҳмад Саидӣ, коршиноси афғон мегӯяд, ки "кишварҳои минтақа замоне таъсиргузор ҳастанд, ки бо як стратегия ва тарҳи ягона мувофиқат кунанд. Дар ин конфронс дар мавриди бисёр мавзуот баҳс сурат гирифт. Вале амалӣ шудани ҳадафҳое, ки дар ин нишаст матраҳ шуд, бояд дар мавриди он кор сурат бигирад, зеро дар ҳоли ҳозир дар рӯи қоғаз аст ва бояд амалӣ шавад."

Шуморе аз иштироккунандагони ин конфронс низ таъкид карданд, ки бояд кишварҳои минтақа ба хотири мубориза бо маводи мухаддир ҳамкориҳои ҳамаҷониба дошта бошанд. Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мшавад, ки бо вуҷуди муборизаи чандинсолаи ҷаҳонӣ дар баробари маводи мухаддир дар Афғонистон, ҳанӯз ҳам ин кишвар ҷойгоҳашро ба унвони бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир ҳифз кардааст.

Дар гузориши ахири Дафтари мубориза бо ҷароими маводи мухаддири СММ ҳам нишон дода шудааст, ки соли ҷорӣ кишти тарёк дар Афғонистон дар муқоиса ба соли гузашта 36 дарсад бештар шудааст. Сабаби асосии ин, нооромиҳо дар бархе минтақаҳои ин кишвар дониста шудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG