Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АI: "Тундравони Сурия асиронашонро шиканҷа мекунанд"


Созмони Авфи Байналмилал бо нашри гузорише гуфт, шӯришиёни ҳамкори Ал-Қоида дар Сурия асирони худро дар зиндонҳои махфӣ шаллоқ мезананд, шиканҷа мекунанд ва мекушанд. Дар гузориши 18 саҳифагӣ бо номи “Ҳокимияти тарс”, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, омадааст, созмони Давлати Исломии Ироқ ва Левант, дар вилоятҳои Ҳалаб ва Ар-Раққа ҳафт, боздоштгоҳи махфӣ доранд. Филип Латер, мудири бахши Ховари Миёна ва Африқо дар Авфи Байналмилал, гуфт, аъзои ин созмонҳои ифротӣ “ҳатто кӯдакони то 8-соларо рабуда бо калонсолон нигаҳ медоранд.” Ин созмон аз ҷомеаи байналмилал хостааст, монеъи интиқоли силоҳу дигар кӯмакҳо ба созмони Давлатии Исломии Ироқ ва Левант ва дигар гурӯҳҳое шаванд, ки дар ҷинояти ҷангӣ дар Сурия даст доранд.
XS
SM
MD
LG