Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшабардории себӯъдии Роҳи Каҳкашон шурӯъ шуд


Оҷонси Кайҳоншиносии Аврупо моҳвораи бузургеро ба кайҳон партоб кард, ки тамоми бурҷи Каҳкашонро ба таври себӯъдӣ нақшабардорӣ хоҳад кард. Моҳвораи мазкур аз пойгоҳи кайҳонии Фаронса дар Гвиана бо мушаки Союз партоб шуд. Телескопи Гая, ки дар моҳвора насб шудааст, 1 миллиард ситора дар бурҷи Каҳкашонро ва наздикии онро нақшабардорӣ мекунад. Донишмандон умедворанд, ҳазорон саёраи нави хориҷ аз манзумаи офтобиро пайдо кунад. Барои сохтани ин телескопи пешрафта, бештар аз як миллиард доллар харҷ кардаанд.
XS
SM
MD
LG