Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳукми "қофила"-и ҳероинро эълон кард


Ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино дар мавриди 10 нафар дастандаркорони қочоқи 52 кг маводи мухаддир содир шуд ва аз ҷумла як корманди Хадамоти гумрук ба муддати 1,6 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Садриддин Бадриддинов --яке аз аъзои ин гурӯҳи қочоқбар рӯзи 19-уми декабр ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи сешанбе ҳукми худро дар мавриди ин гуруҳ содир кард ва корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон Фурқат Ҷабборов, ки бо ин гуруҳ ҳамкорӣ кардааст, ба муддати 1,6 сол аз озодӣ маҳрам карда шуд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, «саркардаи ин гуруҳ Садриддин Бадриддинов, сокини ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ 22 сол ва шаҳрванди Афғонистон Ҳомид валади Почохон 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд ва дигарон ба солҳои мухталиф равонаи зиндон шуданд.»

Додгоҳи Синои пойтахт рӯзи 26-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" иттилоъ дода буд, ки ин гурӯҳи 10-нафара бо қочоқи 52 кило маводи мухаддир айбдор дониста мешаванд ва мурофиаи додгоҳии онҳо ба таври кушода идома дошт.

Аммо вакилони мудофеи афроди маҳкумшуда мегӯянд, ки аз болои қарори додгоҳ дар мавриди се нафар аз зерҳимояҳояшон -- Фурқат Ҷабборов, Ҳусейнов Иззатулло ва Қосим Бадриддинов ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят хоҳанд бурд.

Абдурашид Абдураззоқов, вакили Изаттуло Ҳусейнов, яке аз афроди ин гурӯҳи маҳкумшуда мегӯяд, ки додситони ноҳияи Сино парвандаи ин се нафарро бо ҷазои пардохти ҷарима ба додгоҳ пешниҳод карда буд, вале додгоҳи Сино инро ба назар нагирифта, онҳоро аз озодӣ маҳрум кард, ки ин ҳукми ноодилона мебошад

Бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино, ҳамчунин мошини «Мереседес»-е, ки дар дохили он 52 кг маводи мухаддир ёфт шуда буд ва ба як узви ин гӯрӯҳ тааллуқ дошт, мусодира карда шуд. Бино ба иттилои додгоҳи Сино, мурофиаро додраси ҳамин додгоҳ Далер Зуҳуров бар ӯҳда дошт.

Ин гурӯҳи даҳнафара 6 моҳ қабл 52 кило маводи мухаддир, аз ҷумла ҳероин ва ҳашишро мехостаанд аз Афғонистон ба Душанбе ва аз инҷо ба Русия интиқол диҳанд. Аммо кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ ин гурӯҳро ҳангоми интиқоли маводи мухаддир дар Душанбе ошкор ва боздошт намуда, 52 кило маводи мухаддиро мусодира кардаанд.
XS
SM
MD
LG