Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон ба орзуи деринааш мерасад?


Вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, имрӯз тасмим мегиранд, ки музокирот бо Сербистон барои қабули ин кишвар ба иттиҳодия шурӯъ карда шавад, ё на. Пешрафти кишварҳои дигари соҳили Балкан низ барои оғози музокирот дар ин нишаст баррасӣ мешавад. Як манбаъе дар Иттиҳодияи Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли ғолиб, вазирон ризоият хоҳанд дод, ки музокирот бо Сербистон шурӯъ шавад. Бисёре аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо умедвор буданд, ки музокирот бо Сербистон моҳи декабр шурӯъ мешавад, аммо Олмон ба ин амр мухолифат кард. Македония ҳам интизор дошт, ки музокироти узвият бо Иттиҳодияи Аврупоро шурӯъ мекунад, аммо бинобар ҳал нашудани даъвои Македония бо Юнон бар сари номи он кишвар аъзои иттиҳодия бори панҷум дархости онро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG