Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз амалкарди Русия нигарон шудааст


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз истиқрори мушакҳои кӯтоҳбурди Русия дар марз бо Лаҳистон ва Литва ибрози нигаронӣ карда ва аз Русия хостааст, минтақаро ноором накунад. Мэри Ҳарф, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи душанбе гуфт, Иёлоти Муттаҳида нигарониҳояш аз истиқрори мушакҳои пешрафтаи Искандар дар вилояти Калининградро ба мақомоти Русия расонидааст. Ин мушакҳо бо бурди 500 километр қодир ба ҳамли кулоҳакҳои маъмулӣ ва атомӣ ҳастанд. Лаҳистон ва се кишвари соҳили Балтик аз ҷойгир кардани мушакҳои Искандар дар наздикии марзҳояшон ибрози нигаронӣ карданд. Русия аз дер боз гуфтааст, ки дар сурати истиқрори сипари дифоъи мушакии Амрико дар қаламрави Аврупо мушакҳояшро дар вилояти Калининград ҷойгир мекунад.
XS
SM
MD
LG