Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Украина тазоҳуроти азим баргузор мекунанд


Мухолифони давлати Украина аз тарафдорони худ даъват кардаанд, ки барои тазоҳуроти азиме дар пойтахт дар шаҳри Киев ҷамъ оянд. Тазоҳурот ҳамзамон бо сафари Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина сурат мегирад, ки қарор аст, имрӯз барои мулоқот бо раиси ҷумҳур Владимир Путин ба Русия биравад. Тарафдорони ҳамоиши Украина бо Иттиҳодияи Аврупо, чаҳор ҳафта аст, дар Киев тазоҳурот мекунанд. Онҳо аз қарори Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина ба хашм омадаанд, ки охири моҳи ноябр имзои аҳдномаи муҳими ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ба таъхир андохт. Мухолифони давлати Украина метарсанд, ки Виктор Янукович зимни мулоқот бо Владимир Путин аввалин қадамро барои пайвастан ба Иттиҳоди Гумрукии ба раҳбарии Русия мебардорад. Рӯзи душанбе, вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо саъй карданд, Сергей Лавров, ҳамтои руси худро мутақоид кунанд, ки ҳамкории наздики Иттиҳодияи Аврупо бо Украина ҳеҷ хатаре барои Русия надорад. Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки ин иттиҳодия омодааст, ки аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Украинаро имзо кунад.
XS
SM
MD
LG