Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи Русия ба Қирғизистон хуш наомадааст


Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, мегӯяд, кишвараш бар асоси нақшае, ки бе ширкати мутахассисони қирғиз таҳия шудааст, ба Иттиҳоди Гумрукии бе раҳбарии Русия намепайвандад. Ӯ рӯзи душанбе дар шаҳри Бишкек гуфт, ҳарчанд Қирғизистон баръакси Украина интихоби зиёде надорад, аммо роҳеро интихоб хоҳад кард, ки барояш хубтар аст. Алмосбек Отамбоев афзуд, ки Русия нақшаи пайвастан ба Иттиҳоди Гумрукиро ба Қирғизистон бор кардааст. Ҷумарт Оторбоев, муовини нахуствазири Қирғизистон, ҳафтаи гузашта баён дошт, ки мутахассисони қирғизро барои таҳияи нақшаи пайвастан ба Иттиҳоди Гумрукӣ даъват накардаанд ва аз ин рӯ мумкин аст, иҷрои он сабаби «мушкилоти иҷтимоӣ ва бесуботӣ» шавад. Иттиҳоди Гумрукиро соли 2011 Русияву Белорусу Қазоқистон таъсис доданд ва Русия умедвор аст, дар заминаи он то соли 2015 шабеҳи Иттиҳодияи Аврупо, созмони бузургтари Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро таъсис бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG