Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аммаи Ким Чен Ин нуфузу мақомашро ҳифз кардааст


Чанг Сон Тҳек дар додгоҳ
Чанг Сон Тҳек дар додгоҳ
Ким Гён Хи, аммаи раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Инро, ба ҳайати кумитаи дафне шомил карданд, ки ба маросими давлатии видоъ бо яке аз раҳбарони аршади Ҳизби кор Ким Гук Тхе машғул хоҳад шуд. Ҳамроҳ бо ӯ дар омодагӣ ба маросими дафн мансабдорони аршади ҳизбӣ ва вазорати дифоъ ширкат мекунанд.

Ким Гён Хии 67-сола, хоҳари хурдии рабҳри пешини Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир, падари сарвари феълии кишвар Ким Чен Ин аст. Ин ҳафта шавҳари ӯ – Чан Сон Тҳэк бо иттиҳоми таҳияи табаддулоти давлатӣ дар толори нишасте дар Пхенян боздошт ва баъд аз муддати кӯтоҳ эъдом шуд. Чан Сон Тҳэк то ин авохир дуввумин шахси бонуфуз дар раҳбарияти Кореяи Шимолӣ маҳсуб мешуд – ӯ муовини раиси Кумитаи давлатии дифоъ ва мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи марказии Ҳизби Кори Корея буд.

Расонаҳои расмии Кореяи Шимолӣ дар бораи мақоми расмии Ким Гён Хи ва то куҷо даст доштани ӯ дар ҳабси шавҳараш иттилоъ надодаанд.
XS
SM
MD
LG