Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Безурёт кардани занон дар Узбакистон идома доштааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар як гузориши нав омадааст, ки раванди иҷбории безурёт ё бенасл кардани занон дар Узбакистон ҳамчунон ба таври густурда идома дорад.

Хабарнигори ББС барои Осиёи Миёна Наталия Антелава дар гузорише, ки бо ҳимояти Бунёди ҷомеаи боз" мустақар дар Амрико таҳия кардааст, мегӯяд, ки кормандони бахши тандурустӣ дар Узбакистон таҳти фишори ҳукумат барои мубориза бо афзоиши аҳолӣ, амалиёти иҷбории бенасл кардани занонро анҷом медиҳанд. Хонум Анталева ҳини ироаи ин гузориш дар Вошингтон гуфтааст, ҳама заноне, ки ду ё бештар фарзанд ба дунё меоваранд, ба таври иҷборӣ безурёт карда мешаванд.

Вай пеш аз ин ба хабарнигорон дар Ню-Йорк гуфта буд, ки "маъракаи ҳукумат дар заминаи безурёт кардани занон ҳанӯз ҳам идома дорад ва дар саросари Узбакистон анҷом мешавад. Аз ин хотир, ин кор дар як минтақаи муайян сурат нагирифта, балки ин раванд дар ҳама бемористонҳо ва марказҳои беҳдоштии ин кишвар иҷро мешавад ва дар панҷ соли ахир ҳеҷ нишонае аз коҳиши он мушоҳида нашудааст. Хонум Антелава афзудааст, ки дар бисёре аз маворид он идда аз занон дар Узбакистон безурёт сохта мешаванд, ки аз вазъияти бади иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бархӯрдоранд ва мутааллиқи ақаллиятҳо мебошанд.

Аммо мақомоти беҳдоштии Узбакистон ҳамвора иттиҳоми безурёткунии иҷбориро рад намуда, исрор меварзанд, ки занон бо хоҳиши худ бенасл карда мешаванд, то саломатии худи онҳову фарзандонашон ҳифз гардад. Аммо ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи башари Узбакистон, ин барномаро ҳукумат тасдиқ кардаву занони оилаҳои камбизоат, ки ду ва ё бештар аз он фарзанд ба дунё овардаанд, шомили он мегарданд.

Мансабдорони беҳдоштии Узбакистон таъкид мекунанд, ки ин иттиҳом асосе надорад, вале баъзе табибони узбак эътироф карда буданд, ки онҳо усули назорати мизони таваллудро ташвиқ менамоянд. Онҳо аз ҷумла ҷо доштани hysterectomy, яъне берун овардани бачадони занонро, ки гӯё бо хоҳиши ҳамон занон гузаронида мешавад, тасдиқ мекунанд. Бо ишора ба вазъи ногувори иҷтимоиву иқтисодии баъзе оилаҳо ин табибон мегӯянд, барои онҳо "ҳамли иловагӣ" лозим нест. Hysterectomy - амалиёти ҷарроҳист, ки дар рафти он бахше аз бачадони зан бартараф карда мешавад ва ӯ дигар ҳеҷ гоҳ соҳиби фарзанд шуда наметавонад.

Сернуфустарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ - Узбакистон бо 28 миллион аҳолиаш бо камбизоатӣ рӯ ба рӯ мебошад. Аз соли 1999 то соли 2003-ум дар Узбакистон барномаи назорати мизони таваллуд пиёда мешуд, ки бар пояи он ҳамин гуна машваратҳои ҷилавгирӣ аз ҳамл ва амалиёти рафъи бачадон бидуни ризояти пешакии занон роҳандозӣ шуда буд. Вале назари манфии мардум ва гузоришҳову овозаҳои гуногун боис шуд, ки он мутаваққиф гардад.
XS
SM
MD
LG