Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доббинс: "ИМА ба ин соддагӣ аз Афғонистон даст нахоҳад кашид"


Ҷеймс Доббинс, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон.
Ҷеймс Доббинс, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон.

Фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон мегӯяд, ки кишвараш ба ин соддагӣ аз Афғонистон даст нахоҳад кашид.

Ҷеймс Доббинс, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон мегӯяд, ки сарони аксари кишварҳои минтақа ба шумули Русия, Чин ва Покистон аз Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон хостаанд, то созишномаи ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоӣ миёни Кобул ва Вошингтонро имзо кунад.
Ҷеймс Доббинс дар изҳороти ахираш ба Сенати Амрико итминон додааст, ки Ҳомид Карзай билохира ин тавофуқномаро имзо хоҳад кард.

Ӯ гуфтааст, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ва Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин аз Ҳомид Карзай хостаанд, то созишномаи ҳамкориҳои амнияӣ ва дифоиро бо Амрико имзо кунад. Танҳо Эрон бо имзои ин мувофиқатнома мухолифат кардааст.

Фиристодаи вижаи Амрико ба Кобул ва Исломобод ҳамзамон афзудааст, кишвараш ба ин осонӣ ҳам аз Афғонистон даст нахоҳад кашид. Ӯ афзуд, бо он, ки бархе раҳбарони кишварҳои минтақа мухолифи ҳузури низомии Амрико мебошанд, аммо ҳамаи онҳо мепазиранд, ки бидуни кӯмаки низомӣ ва иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ, Афғонистон бо ҷангҳои дохилӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, ин ҷанг хатари афзоиши тундравӣ, муҳоҷиратҳо, барҳам задани тиҷоратро дар ин минтақа дар пай дошта ва ба ҳама минтақа паҳн хоҳад шуд.

Ба назар мерасад, ки оқои Ҷеймс Доббинс ҳини сӯҳбат дар Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси Сенати он кишвар аз изҳороти қаблиаш ақибнишинӣ кардааст, ки гуфта буд, дар сурате, ки раиси ҷумҳури Афғонистон созишномаи амниятиро имзо накунад, Амрико то поёни соли оянда ҳамаи нерӯҳояшро аз Афғонистон берун месозад.

Ҷон Маккейн, сенатори ҷумҳурихоҳ аз Ҷеймс Доббинс хостааст, шумораи сарбозонро мушаххас кунад, ки баъд аз соли 2014 дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Ба гуфтаи ин сенатори ҷумҳурихоҳ, эълони шумораи нерӯҳои амрикоӣ, ки баъд аз соли 2014 дар Афғонистон боқӣ мемонанд, Ҳомид Карзайро барои имзои тавофуқнома ташвиқ хоҳад кард. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон таъкид мекунад, то вақте, ки Амрико барои таҳкими сулҳ дар Афғонистон гомҳои амалӣ набардошта ва амалиётҳо дар хонаҳои афғонҳоро мутаваққиф насозад, созишномаи амниятӣ бо Вашингтонро имзо нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG