Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи баҳсбарангези Амрико тасвиб шуд


Намояндагони Конгресси Амрико аз Ҳизби Демократ ва аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар бораи махориҷи будҷа ба тавофуқ расиданд, ки он бидуни боло бурдани молиёт ё андоз касри будҷаро камтар хоҳад кард. Барак Обама-раиси ҷумҳур аз ин тавофуқот ба унвони “қадами аввал” ситоиш кард, вале гуфт, ки будҷаи аслӣ бояд ба тасвиб расад.

Ҷон Бонер-раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки вай низ аз тавофуқоти рӯзи сешанбе ҷонибдорӣ мекунад. Ин тавофуқот имкон медиҳад, ки аз коҳиши будҷа пешгирӣ ба амал ояд ва тақрибан 23 миллиард доллар аз 17 триллион қарз камтар шавад.

Конгресс бояд ин будҷаро ба тасвиб расонад ва онро то 15 январ Барак Обама имзо кунад.
XS
SM
MD
LG