Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия барои эътирозҳо дар Сочӣ ҷойи махсус ҷудо мекунад


Раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах изҳор намуд, ки мақомоти Русия ваъда додаанд то дар Сочӣ ҳангоми Бозиҳои зимистонаи олимӣ барои эътирозҳо минтақаҳои махсусро ташкил кунанд.

Ба гуфтаи Бах, дар бораи ин тасмим созмондиҳандагони Бозиҳои олимпии Сочӣ рӯзи сешанбе, 10 декабр, ҳангоми баррасии гузориши Шӯрои иҷроияи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ, хабар доданд. Ӯ афзуд, ҷониби Русия ҷойҳои махсусро барои одамоне ҷудо хоҳад кард, ки мехоҳанд андешаи худро иброз доранд ё алайҳи чизе эътироз кунанд. Ба гуфтаи Томас Бах, Кумитаи байнулмилалии олимпӣ аз ин тасмим истиқбол мекунад.

Моҳи август раисиҷумҳури Русия Владимир Путин амре содир кард, ки бар пояи он тайи дуву ним моҳи Бозиҳои олимпии зимистона дар Сочӣ ҳама гуна нишасту намоишу раҳпаймоиву гирдиҳамоиҳо мамнӯъ мешаванд. Ин фармон 7 январ, як моҳ қабл аз ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ, ба ҳукми қонун медарояд.
XS
SM
MD
LG