Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович бо се раиси ҷумҳури пешин вазъро баррасӣ кард


Музокироти Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина бо се раиси ҷумҳури пешин Леонид Кравчук, Леонид Кучма ва Виктор Юшенко барои ҳали бӯҳрони пешомада баргузор шуд.

Ин музокирот баъд аз сӯҳбати Мизи Гирди Виктория Нуланд-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико дар Киев бо раҳбарони мухолифони Украина сурат гирифт.

Интизор мерафт, ки талошҳо барои коҳиши бӯҳрони сиёсии Украина рӯзи сешанбе мардуми бештарро ба майдонҳо бикашад. Ҳазорон нафар эътирозгарон ба кӯчаву хиёбонҳо баромадаанд ва аз ин роҳ ғазаби худро ба Виктор Янукович-раиси ҷумҳур, ки мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Арупоро имзо накард, нишон медиҳанд.
XS
SM
MD
LG