Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҳир Шаҳидӣ аз олам даргузашт


Тоҳир (Фаридун) Шаҳидӣдар ҳалқаи пайвандон. Акс аз саҳифаи одноклассникии марҳум гирифта шудааст.
Тоҳир (Фаридун) Шаҳидӣдар ҳалқаи пайвандон. Акс аз саҳифаи одноклассникии марҳум гирифта шудааст.
Тоҳир (Фаридун) Шаҳидӣ, фарзанди Зиёдулло Шаҳидӣ композитори шинохтаи тоҷик дар синни 61-солагӣ вафот кардааст.

Субҳон Ҷабборов, ходими калони осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳангӣ-мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, ки Тоҳир Шаҳидӣ дар ҳавлии ин осорхона манзил дошт, рӯзи 10-уми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҷанозаи марҳум имрӯз ба хок супурда шуд.

Ба гуфтаи Ҷабборов Тоҳир Шаҳидӣ, вақтҳои охир зиёд машруботи спиртӣ истеъмол мекардааст ва тани беҷони вайро аз манзилаш рӯзи душанбе пайдо кардаанд.

Субҳон Ҷабборов мегӯяд эҳтимол дорад Тоҳир Шаҳидӣ рӯзи якшанбе вафот карда бошад. Чунки ба гуфтаи Ҷабборов дари манзили марҳум аз рӯзи якшанбе маҳкам будааст ва танҳо рӯзи душанбе наздиконаш дарро шикаста даромадаанд, ки Тоҳир Шаҳидӣ алакай вафот карда будааст.

Тоҳир Шаҳидӣ, ҳам аз худ эҷоди мусиқӣ ба мерос мондааст.
XS
SM
MD
LG