Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Виктор Янукович аз "мизи гирд"-и умумимиллӣ


Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина, аз пешниҳоди баргузории “мизи гирд”-и умумимиллӣ ба хотири ҷустуҷӯи роҳи наҷот аз бӯҳрони феълии кишвар пуштибонӣ кард. Ба иттилои расмӣ, қарор аст, ки рӯзи сешанбе Янукович бо се раҳбари пешини Украина - Леонид Кравчук, Леонид Кучма ва Виктор Юшенко сари машварату музокира нишинад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабарнигори Озодӣ дар шаҳри Киев, ширкаткунандагони ҳамоиш дар майдони Истиқлол дар назди сангарҳои канори бинои меҳмонсарои “Казатский” ҷамъ шуда, ба ҳамлаи эҳтимолии нерӯҳои зудамали милиса омодагӣ мегиранд. Эътирозгарон даромадгоҳҳои биноҳои дафтари раисиҷумҳур, ҳукумат ва парлумонро забт кардаанд. Бархе аз онҳо дар канори мошинҳои ҳарбӣ ҷамъ шуда азнизомиён даъват мекунанд, ки аз ҳамла ба майдон худдорӣ намоянд. Аз ин пеш мухолифин аз раисиҷумҳур талаб карданд, ки тайи 48 соат ҳукуматро ба истеъфо фиристад.

Намошҳои эътирозӣ дар Украина баъд аз он оммавӣ шуданд, ки рӯзи 21 ноябр ҳукумат дар мавриди мутаваққиф кардани омодагиҳо барои имзои созишномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт. Дар Украина ҳамоишҳои мухолифини ҳамгароии Киев бо Иттиҳодияи Аврупо ҳам идома доранд.
XS
SM
MD
LG