Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай аз Эрон боздид мекунад


Дар ҳоле, ки боздиди дурӯзаи Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико аз Афғонистон идома дорад, Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон барои боздид ба Эрон сафар кард. Матбуоти Эрон навиштааст, ки Ҳомид Карзай дар ҷараёни боздиди якрӯзаи худ бо мақомоти баландпояи Эрон, аз ҷумла бо Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Чак Ҳегел рӯзи шанбе барои боздид аз пойгоҳи низомиёни Амрико ва мулоқот бо мақомоти низомии Афғонистон ва нируҳои НАТО вориди Афғонистон шуд. Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки миёни Вашингтону Кобул барои имзо нашудани мувофиқатномаи амниятии ҷонибҳо ихтилофи назар бештар шудааст. Ин мувофиқатнома вазъи ҳуқуқи нируҳои Амрико дар Афғонистонро баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз ин кишвар дар соли 2014 муайян мекунад.

Ҳомид Карзай ин мувофиқатномаро қабул дорад, вале то ҳол аз имзои он худдорӣ мекунад. Эрон мегӯяд, ки ин мувофиқатнома сабаби нооромии вазъ дар минтақа мешавад.
XS
SM
MD
LG