Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Ҳегел гуфтанд, ки мувофиқатномаи амниятӣ имзо мешавад


Чак Ҳегел
Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико мегӯяд, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ-вазири дифои Афғонистон вайро мутмаин сохтааст, ки мувофиқатномаи амниятии ҷонибҳо, ки имзои он ба таъхир афтодааст, дар вақти лозима ба имзо хоҳад расид.

Ҳегел ин суханонро баъд аз мулоқоташ бо Бисмиллоҳхон дар Кобул изҳор дошт. Вай ғайричашмдошт рӯзи шанбе вориди Кобул-пойтахти Афғонистон шуд. Ҳегел ҳамчунин гуфт, ки ба назари вай фишори бештар ба Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон барои имзои мувофиқатномаи амнияти ҷонибҳо фоида нахоҳад дошт.

Ин мувофиқатнома заминаи қонунии ҳузури нируҳои Амрико дар Афғонистонро баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ дар соли 2014 фароҳам меорад.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG