Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Амрико барои боздид вориди Афғонистон шуд


Чак Ҳегел
Чак Ҳегел
Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико вориди Афғонистон шуд, то аз пойгоҳи нируҳои Амрико дар Афғонистон боздид кунад. Ин боздид рӯзи шанбе дар ҳоле анҷом мегирад, ки Кобулу Вашингтон роҷеъ ба мувофиқатномаи амниятии ҷонибҳо ихтилофи назар доранд.

Мақомоти Амрико мегӯянд, ки бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур мулоқоте ба нақша гирифта нашудааст. Вай имзои мувофиқатномаи дуҷонибаи амниятиро инкор мекунад. Ин мувофиқатнома заминаи қонунии ҳузури нируҳои Амрико дар Афғонистонро баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ дар соли 2014 фароҳам меорад.

Аммо сухангӯи Ҳомид Карзай ба матбуот гуфтааст, ки қарор аст Карзай ва Ҳегел дар поёни рӯзи шанбе бо ҳам мулоқот кунанд.

Қабл аз вуруд ба Афғонистон Чак Ҳегел зимни суханони худ дар Манама-пойтахти Баҳрайн гуфт, ки ҳали дипломатии барномаҳои ҳастаии Эрон бояд бо нируи низомӣ ҳимоят шавад. Ҳегел рӯзи шанбе гуфт, ки дипломатияи ғарбӣ бо Теҳрон набояд “бетафовут” бошад.
XS
SM
MD
LG