Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нелсон Мандела дар деҳаи Куну гӯронида мешавад


Нелсон Мандела, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ва раҳбари пешини Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ, рӯзи 15 декабр дар зодгоҳаш деҳаи Куну макони охират пайдо хоҳад кард. Дар ин бора раиси Ҷумҳурии Африқоии Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума хабар дод.

Нелсон Мандела рӯзи панҷшанбе дар синни 95-солагӣ ва дар ҳалқаи пайвандонаш аз олам даргузашт. Ӯ моҳи сентябр, баъд аз се моҳи табобат дар бемористон, ба манзилаш дар шаҳри Йоханнесбург интиқол ёфт ва то лаҳзаи вопасин зери назорати табибон қарор дошт. Нелсон Мандела моҳҳои ахир ба маризии шуш мубтало шуда буд.
Бо дастури Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ба хотири эҳтиром ба Нелсон Мандела парчами давлатии болои Кохи Сафед нимапойин карда шуд. Дар суханронии худ дар робита ба даргузашти муборизи бо нажодпарастӣ Обама гуфт, ки сайёра яке аз бонуфузтарин ва қавитарин фарзандони худро аз даст дод.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, аз Нелсон Мандела чун “марди бузурги адолат” ном бурд ва афзуд, ки муборизаи ӯ барои озодиву баробарӣ ба мардуми зиёде рӯҳу илҳом бахшидааст.

Жозе Мануэл Баррозу, раиси Комиссиюни Аврупо, дар як изҳороти видеоӣ аз Брюссел, гуфт, ки “номи Мандела на фақат дар сафҳаҳои китоби таърих, балки дар дилу дидаи одамони зиёде дар сартосари олам чун намунаи ҷасорату озодӣ, ҳамчунин чун намунаи таҳаммулпазирӣ ва ризоят абадӣ хоҳад монд. Ва он намунаи барҷастае, ки худи Нелсон Мандела буд, боқӣ мемонад, зеро он бузургтар аз марг мебошад".
XS
SM
MD
LG