Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ширкати ҳавоии Тотористон ба истеъфо рафт


Ақсан Гинаятулин
Ақсан Гинаятулин
Ақсан Гинаятулин-раиси умумии ширкати ҳавоии Тотористон аз мақом барканор шуд. Ин дар ҳолест, ки дар ин ҷумҳурии мухтори Русия 17 ноябр ҳавопаймои ин ширкат суқут кард ва мусофирон ба ҳалокат расиданд.

Вазорати нақлиёти Тотористон эълон кард, ки шӯрои мудирони ширкати ҳавоии Тотористон Гинаятулинро аз мақом барканор кардааст.

Як рӯз пеш Шавкат Умаров-раиси Ожонси нақлиёти ҳавоии Русия дар Тотористон худаш аз мақом истеъфо дод ва худро масъули суқути ҳавопаймо донист. Дар ин ҳодиса 50 нафар кушта шуданд.

Ҳавопаймои Боинг 737 17 ноябр ҳангоми фуруд дар фурудгоҳи Қазон ба мусибат дучор шуд ва ба замин афтод.
XS
SM
MD
LG