Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Бишкек аз мақоми худ истеъфо дод


Исо Умурқулов
Исо Умурқулов
Исо Умурқулов-шаҳрдори Бишкек аз мақоми худ истеъфо дод. Ду рӯз пеш расидагӣ ба фаъолияти вай оғоз гардид ва иддао мешавад, ки вай аз мақом суистифода кардааст. Умурқулов дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Бишкек гуфт, ки истеъфои вай бо боз шудани парванда иртибот надорад. Вай аз додани тавзеҳот дар бораи сабабҳои истеъфояш худдорӣ кард.

Рӯзи душанбе Додситонии кулли Қирғизистон эълон кард, ки Умурқулов ва чанд нафар аз ҳамкоронаш барои таъйини марзҳои Боғи Ғалаба дар Бишкек гумонбар дониста мешаванд. Аз соли 2002 то соли 2010 онҳо иҷоза додаанд, ки дар қаламрави ин боғ биноҳо сохта шаванд.

Улуғбек Султонов-сухангӯи Додситонии кулл ба рӯзноманигорон гуфт, агар Умурқулов гунаҳгор шинохта шавад, вай то 10 сол маҳкум ба зиндон хоҳад шуд. Вале худи Умурқулов ин иттиҳомотро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG