Ҳизбуллоҳи Лубнон мегӯяд, ки яке аз фармондеҳони онҳо шаби гузашта дар берун аз Бейрут дар хонааш кушта шудааст. Дар эъломияе, ки Ҳизбуллоҳ ба нашр расондааст, гуфта мешавад, ки Ҳасан Лаққис шабона ҳангоме кушта шудааст, ки аз ноҳияи Ҳадати Бейрут ба хона бармегашт.
Ба гуфтаи кормандони амнияти Лубнон, ҳамлакунандагон ба сӯи мошини Ҳасан Лаққис оташ кушодаанд. Барои ин “суиқасд” Ҳизбуллоҳ Исроилро муттаҳам медонад. Дар эъломия омадааст, ки Исроил аз чанд моҳ ба ин сӯ талош дошт Лаққисро ба қатл расонад.
Йигол Палмор-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Исроил гуфт, ки кишвараш ба ин куштор аслан иртиботе надорад.