Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воксинзании сартосарии аҳолии аз 40-сола боло


Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои воксинзадани аҳолии аз синни миёна боло маъракаи воксинзанӣ ҷиҳати қавигардонии масунияти баданро оғоз кардааст. Як манбаъ аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҷиҳати мустаҳкам кардани масунияти бадани афроди калонсоли аз синни 40 сола боло маъракаи воксинзаниро оғоз кардаанд, феълан дар идораҳои давлатӣ пиёда шудааст.

Инманбаъ мегӯяд, ки маъракаи эмкунӣ тамоми кормандони давлатӣ ходими поён то вазирону сарвазир ва президенти кишварро дар бар мегирад, чунки ки пас аз ҳар 10 сол то 25-30 фоизи масунити бадан коҳиш меёбад ва бо роҳи воксинзадан тавонмандии он боло бурда мешавад.

Ин воксин «а1 м1» унвон дошта зидди ангезаи «Clostridium tetani», яъне ангезандаи бемории козус (столбняк) буда пеш аз ҳама ба ба асаби инсон дар сурати захмӣ шудан осеб мерасонад ва бештар аз ҳама барои одамони калонсол паёмади нохуш доштааст.
Тавре масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯняд, ки гурӯҳҳои эмкунӣ аз ҳисоби пизишкони беморхонаи ҳукуматӣ барои кормандони дастгоҳи президент то шахси раиси ҷумҳур сафар ҳастанд ва кормандони вазоратхонаҳо дар беморхонаҳои марказӣ воксин зада мешавад.

Чунин маъракаи воксинзанӣ барои афроди калонсол ҳар 10 ва 5 сол анҷом дода мешавад.
XS
SM
MD
LG