Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз ҳайатҳои Украина ба Маскав ва Бруссел мераванд


Микола Азаров
Микола Азаров
Микола Азаров-нахуствазири Украина гуфтааст, ки рӯзи чаҳоршанбе ҳукумати ин кишвар ба Русия ва Бруссел ҳайатҳои расмӣ мефиристад. Вай дар ин бора аз тариқи телевизиони Украина хабар дод. Вай гуфт, ҳайатҳо имкони имзои мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ мекунанд, мувофиқатномае, ки ба нафъи Украина бошад. Дар Маскав ҳайати ҳукуматӣ таҳкими равобит бо Русияро баррасӣ мекунад.

Аз сӯи дигар дар Киев-пойтахти Украина ҷонибдорони мухолифон мехоҳанд бинои раёсати ҷумҳурӣ ва порламонро ба муҳосираи худ дароранд. Баъд аз он ки порламон, яъне Верховная Рада райи адами эътимод ба ҳайати ҳукумати Януковичро таъйид накард, мухолифон аз эътирозгарон даъват карданд, ки аз кӯчаву хиёбонҳои Киев ба назди бинои раёсати ҷумҳурӣ раванд ва аз Виктор Янукович бихоҳанд, ки бо фармони худ ҳукуматро ба истеъфо фиристад.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Украина хабар додааст, ки Виктор Янукович барои як боздид 3 декабр ба Чин рафтааст.
Рӯзи сешанбе дар майдони Незалежности тақрибан 10 ҳазор нафар ба эътироз баромада буданд.
XS
SM
MD
LG