Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия бо Эрон муносиботи дипломатӣ барқарор мекунад


Эътирозҳо барои баста шудани сафорати Британия дар Теҳрон дар соли 2011
Эътирозҳо барои баста шудани сафорати Британия дар Теҳрон дар соли 2011
Британия бори аввал баъд аз баста шудани сафоратхонааш дар Эрон намояндаи дипломатии худро ба Эрон фиристод. Ин сафоратхона дар соли 2011 баъд аз таниши муносиботи ҷонибҳо баста шуд.

Аҷай Шарма-сарпарасти сафорати Британия дар Эрон рӯзи сешанбе барои музокира бо вазорати корҳои хориҷаи Эрон вориди Теҳрон шуд. Дар гузашта Шарма муовини сафири Британия дар Эрон буд. Вай изҳор дошт, ки пайваста ба Эрон рафту омад мекунад, то равобити ҷонибҳо беҳбуд ёбад.

Британия соли 2011 дипломатҳои худро аз Эрон фаро хонд, зеро баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб бар зидди Эрон эътирозгарон дар Теҳрон ба сафоратхона ҳамла бурданд. Шарма мегӯяд, ки вай рӯзи сешанбе аз сафорат боздид кардааст, то бо мизони хисороти ворида дар соли 2011 ошно шавад.
XS
SM
MD
LG