Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба шаҳрвандони кишвараш ватандӯстӣ меомӯзад


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки дар кишвараш бояд эҳсосоти ватандӯстӣ тақвият ёбад, то русҳо ҳуввияти миллиро ҳифз кунанд. Вай таъкид кардааст, ки бидуни ифтихори миллӣ ё ватандӯстӣ кишвар наметавонад ҳифз шавад ва аз дохил ба пора шудан шурӯъ ва “мисли шакар дар об ҳал мешавад”.

Путин рӯзи сешанбе дар Маскав зимни суханронии худ дар мулоқот бо донишҷӯёни бахши ҳуқуқ ҳамчунин гуфт, ки Русия ба қаҳрамонон ниёз дорад, то дигарон ба онҳо пайравӣ кунанд.

Аз замоне, ки Путин дубора ба курсии раёсати ҷумҳурӣ баргашт, зуд-зуд дар бораи арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ сӯҳбат мекунад ва аз он чун роҳи боло бурдани эътибори худ истифода мебарад.
XS
SM
MD
LG