Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Санкт Петербург 1 тоҷикистонӣ ҳалок шудаву яке дигар ҷароҳат бардоштааст


Дар натиҷаи афтидани девори биное дар Санкт Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия ин ниҳод аз рӯи марги шаҳрванди 28-солаи тоҷик тафтишотро оғоз кардааст.

Гуфта мешавад рӯзи 2-уми декабр дар рафти таъмири бинои академияи ҳарбии алоқаи ба номи С.М. Буденнов, ки дар ҳудуди ноҳияи Калинини Санкт Петербург ҷойгир аст девори бино ба болои ду шаҳрванди Тоҷикистон меафтад. Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар девори ин бино ба корҳои таъмир машғул будаанд. Аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ шаҳрванди 28-солаи тоҷик дар беморхона ба ҳалокат мерасад ва дувумӣ ҳоло дар ҳолати вазнин қарор доштааст.

Вале ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта нашудааст. Ба иттилои мақомоти Русия айни ҳол тафтишот идома дорад. Мақомоти тоҷик ҳам дар ин бора итиллое надодааст.
XS
SM
MD
LG