Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО аз Карзай хост, созишномаро имзо кунад


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО, мегӯяд, агар раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай то охири имсол, созишномаи амниятӣ бо Амрикоро имзо накунад, ин паймон ночор тамоми нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мекашад. Ӯ рӯзи душанбе гуфт, бе имзои созишномаи амниятӣ миёни ин ду тараф Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ ҳам наметавонад, созишномаи худ бо Афғонистонро ба имзо бирасонад. Тавофуқномаи амниятӣ миёни Амрикову Афғонистон шарту шароити ҳузури сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон баъд аз соли 2014-ро мушаххас мекунад. Бар асоси созишнома, баъди тарки нерӯҳои хориҷӣ дар он сол, бояд теъдоде аз сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон бимонанд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, созишномаи амниятӣ бо Амрикоро танҳо баъди анҷоми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи апрели соли оянда имзо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG