Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як сокини Шӯробод бо беш аз 43 кило бангдона


Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзеи Шоҳони ноҳияи Шӯробод, аз шаҳрванд Абдумаҷид Бухориев, сокини ҳамин ноҳия беш аз 43 кило маводи мухадир мусодира кардаанд.

Дафтари матуботи ВКД рӯзи 3-юми декабр иттилоъ дод, ки кормандони шӯъбаи ноҳиявии ШКД-и ин ноҳия Абдумаҷид Бухориевро дастгир кардаанд, ки аз ӯ маводи мухадири навъи «бангдона» ба миқдори беш аз 43 килло ёфт ва мусодира карда шудааст.

Тибқи хабари ин манбаъ феълан алайҳи сокин ноҳияи Шӯробод тибқи моддаи 200 қисми 4, яъне қочоқи маводи мухаддир бо миқдори калон парванда боз шуда, барои ошкор кардани роҳи интиқоли бангдона аз Афғонистон ба дасти сокини Шӯрорбод тафтишоти пешакӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG