Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дояи интернетӣ бо тифли тоҷик нопадид шуд


Сафорати Точикистон дар маскав бо такя ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, дояе як тифлро, ки падараш шахрванди Точикистон будааст рабуда ба самти номаълум ғайб задааст. Гуфта мешавад, ки падари кӯдак ин дояро тавассути интернет пайдо карда буд. Сафорати Тоҷикистон талош дорад, ки шахсияти падар ва чигунагии ҳодисаро мушаххас кунад.

Ин ҳодиса рӯзи 1 декабр рух дод. Як марди тоҷик, ки дар сохтмон кор мекард, бо аризае ба ба пулиси Маскав муроҷиат кард ва гуфт, ки тифли дусолаи ӯ бо як доя, ки тавассути интернет пайдо кардааст, нопадид шуд. Ин мард, ки бо сабаби масруфияташ дар кор тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳамон рӯзи 1 декабр хонумеро ҳамчун доя киро кардааст, ба полис гуфтааст, ки ҳамроҳ бо писараш ба ин хонум ҳуҷҷатҳои фарзандашро низ супурда буд, вале то ҳанӯз аз онҳо дараке нест.

Сафорат мегӯяд, мутаасифона, пулиси Маскав то ҳол маълумотеро дар ихтиёри онҳо нагузоштааст ва бинобар набудани иттилои дақиқ ин хабар боиси ҳадсу гумонҳо шудааст.Падари кӯдак то ҳол барои кӯмак ба сафорат муроҷиат накардааст. Сафорат ба макомоти пулиси Москва дар тамос аст ва чузъиёти ин ходисаро пайгирӣ мекунад.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки қазияи мазкур дар баррасии сафири Тоҷикистон ва ҳам раҳбари консулгарӣ дар шаҳри Маскав аст.
XS
SM
MD
LG