Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмаато дар сӯхтори бозор ду кас ҷон додаанд


Дар сӯхторе дар бузургтарин бозори наздикии шаҳри Алмаато ду нафар ҷон бохтаанд. Сабабҳои сӯхтор маълум нест. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон гуфтааст, дар сӯхтори рӯзи якшанбе 600 метри мураббаъ бозори ноҳияи Қаросой осеб дидааст. Номҳои ин ду шахси қурбоншударо эълон накардаанд.

Дар давоми як моҳи охир дар Алмаато аз сӯхтор 4 бозор хароб шудааст. Моҳи сентябр низ дар наздикии Алмаато ва атрофи он 4 бозори дигар осеб дидаанд.
Ошкор шудааст, ки яке аз ин бозорҳоро оташ задаанд. Вале сӯхторҳои дигарро таҳқиқ мекунанд. Тоҷирон дар Алмаато эътироз кардаанд ва аз мақомот тақозо кардаанд, ки зарари молии онҳоро ҳукумати маҳаллӣ ҷуброн кунад.

Мақомоти Алмаато розӣ нестанд, бозорҳои оташгирифтаро таъмир кунанд ва мегӯянд, ки бозорҳо дар солҳои 1990-ӯм ба таври ғайриқонунӣ сохта шудаанд. Онҳо мегӯянд, сохтмони роҳҳои бузурги автомобилгард аз ин минтақаҳо мегузарад.
XS
SM
MD
LG