Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёфти 32 кило ҳероин аз қатори Душанбе-Маскав


Мақомоти пулиси Русия гуфтааст рӯзи 1-уми декабр аз қатори Душанбе-Маскав, ки аз гузаргоҳи марзии Астрахани ин кишвар мегузашт аз пинҳонгоҳе 32 килло маводи мухаддир дарёфт кардаанд. Тавре аз хадамоти сарҳадбонии Русия дар минтақаи Астрахан гуфтаанд, ҳангоми аз назаргузаронии қатори Душанбе –Маскав аз махфигоҳи ин қатор 32 килло маводи мухаддираи навъи ҳероин дарёфт шудааст. Ҳамаи ин маводи мухаддир дар 21 зарфҳои плостикии 1,5 литра ҷой карда шудааст. Ба гуфти ин манбаъ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG