Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон баъд аз задухурд эътирози сартосарӣ эълон карданд


Бино ба гузоришҳои расида аз Киев-пойтахти Украина, ҳазорон нафар эътирозгарон даромадгоҳҳои биноҳои ҳукуматиро бастаанд ва тақозо мекунанд, ки ҳукумати президент Виктор Янукович истеъфо диҳад, зеро ин ҳукумат мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо накард.

Эътисобгарон ба тазоҳуроти сартосарӣ даъват кардаанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе дар ҷараёни эътирозҳо байни пулис ва тазоҳуркунандагон задухурд ба амал омад. Стефан Фуле-кумиссари тавсеаи Итътиҳодияи Аврупо тавассути сафҳаи Twitter-и худ ҷонибҳоро ба гуфтугӯ даъват кардааст ва хостааст, ки “ихтилофот ба зудӣ ҳал шавад”.

Фоғ Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО низ ба оромӣ даъват кард ва гуфт, ки “хушунат ва ниру дар ҷомеаи демократӣ роҳи ҳали ихтилофоти сиёсӣ нест”.
Виталий Клчко-раҳбари ҳизби мухолиф бо номи “Удар” аз украиниҳои саросари кишвар хост, ки ба Киев оянд, зеро дар “ин ҷо сарнавишти кишвар ҳал мешавад”.
XS
SM
MD
LG