Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти азим дар шаҳри Киев идома дорад


Бештар аз 100 ҳазор нафар аз аҳолии Украина имрӯз дар шаҳри Киев ба нишони эътироз аз имзо нашудани аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо тазоҳурот мекунанд. Онҳо талаб доранд, ки раиси ҷумҳур Виктор Янукович истеъфо диҳад ва интихоботи зудраси порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад. Ҳарчанд тазоҳурот дар Майдони Истиқлол дар маркази Киев мамнӯъ шудааст, вале он ҳам аз тазоҳургарон лабрез аст. Баъди оғози раҳпаймоиҳо дар Киев дар як ҳафтаи пеш бори аввал аст, ки издиҳоме ба ин бузургӣ дар Киев ҷамъ шудааст. Саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти рӯзи шанбе ҳам сабаби хашми мардум ва пайвастани тазоҳургарони бештар ба сафи норозиён аз амалкарди Виктор Янукович шуд. Айни замон раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки ҳар кори мумкинро хоҳад кард, то Украина ба Иттиҳодияи Аврупо наздиктар шавад. Ӯ рӯзи ҷумъаи гузашта, аҳдномаи деринтизори ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо накард ва хашми тарафдорони ҳамоиш бо ин иттиҳодияро барангехт.
XS
SM
MD
LG