Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори СММ аз афзоиши хатар дар Афғонистон


Созмони Милали Муттаҳид аз авҷ гирифтани зӯроварӣ ва хушунат алайҳи кормандони созмонҳои хайрия дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард. Марк Бовден, ҳамоҳангсози барномаҳои башардӯстонаи Созмони Милал дар Афғонистон, гуфт, қатли 9 корманди имдодӣ дар ду ҳодиса дар як ҳафтаи гузашта “нишондиҳандаи хатари афзоянда” дар ин кишвар аст. Ҳафтаи гузашта тундравон 6 корманди як созмони хайрияро дар вилояти Форёб куштанд ва се корманди дигар дар вилояти Урузгон бар асари таркиши бомб ҷон доданд. Созмони Милал мегӯяд, имсол дар Афғонистон 36 маъмури имдодиро куштаанд, 46 нафарро захмӣ кардаанд ва даҳҳо нафари дигари онҳоро рабудаанд.
XS
SM
MD
LG