Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон дар ҳамлаи бесарнишин тундравҳо кушта шуданд


.
.
Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ки як бесарнишини машкуки амрикоӣ дар ҳамлае дастикам ду тундравро дар минтақаи қабиланишини марзӣ бо Афғонистон ба қатл расондааст. Кормандони кашфи Покистон гуфтаанд, ки ин бесарнишин дар Вазиристони Шимолӣ шаби ҷумъа хонаеро ҳадаф қарор додааст ва ба эҳтимоли зиёд ин хона ситоди Толибон ва Ал Қоида будааст, ки бо тундравҳо иртибот дорад.

Ҳуввияти кушташудагонро эълон накардаанд. Сиёсатмадорони Покистон билофосила ин ҳамлаи бесарнишни амрикоиро ба боди интиқод гирифтанд ва гуфтанд, ки чунин ҳамлаҳо истиқлоли Покистонро халалдор мекунад ва ба шаҳрвандон зарар мерасонад.

Аммо Амрико ҳамлаи бесарнишинҳоро барои мубориза бо тундравҳо василаи муносиб медонад.
XS
SM
MD
LG