Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар 22 соли охир


Бори нахуст фарҳанги милои забони тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон бо шумули 65 ҳазор вожа ва истилоҳ аз чоп баромад.

«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ», бар асоси қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки аз 4-уми октябри соли 2011 тасдиқ шудааст омода гардидааст. Дар ин фарҳанг ҳамчунин қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ замима шудааст.

«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ», аз тарафи кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон омода шуда, дар нашриёти "Шарқи Озод" бо теъдоди 15 000 нусха рӯи чоп омадааст.
Масъулони кумитаи забон ва истилоҳот ҳадаф аз омода кардани чунин як фарҳангро дар он донистанд, ки дар истифодаи калимаву истилоҳҳо, чӣ дар китобҳо ва чӣ дар матбуот ғалатҳои зиёде ба мушоҳида мерасидааст.
XS
SM
MD
LG