Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бруссел аз тасмими ҳукумати Украина таассуф хӯрд


Стефан Фуле
Стефан Фуле
Бруссел аз тасмими Украина дар бораи имзо накардани мувофиқатномаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупо изҳори таассуф кардааст. Қарор буд ин мувофиқатнома дар мулоқоти раҳбарони ин иттиҳодияи дар Вилнюси Литва ба имзо бирасад.

Стефан Фуле-Кумиссари тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо дар конфронси ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Вилнюс гуфт, ки Киев фурсати хеле муносибро барои ташвиқи сармоягузориҳои хориҷӣ дар иқтисоди Украина ва имкони музокироти мустақим бо Сандуқи Байналмиллалии Пулро аз даст медиҳад.

Шоми 28 ноябр дар Вилнюс-пойтахти Литва мулоқоти дурӯзаи раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо оғоз мешавад. Мавзӯи аслии сӯҳбат имзои қарордоди ҳамкорӣ ва тиҷорати озод бо Украина эълон шуда буд. Аммо як ҳафта пеш аз ин мулоқот ҳукумати Украина корҳои омодагӣ ба имзои ин санадро боздошт ва иддао кард, ки муносиботи Украина бо кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ, қабл аз ҳама бо Русия бад хоҳад шуд.

Барои ширкат дар мулоқоти Вилнюс раҳбарони 34 кишвар меоянд. Аз ҷумла дар мулоқот раҳбарони ҳамаи 28 кишвари узв ва раҳбарони Арманистону Озарбойҷон, Гурҷистону Молдова, Украинаву Беларусия ширкат меҷӯянд. Аз Беларусия дар ин мулоқот Владимир Макей-вазири хориҷа ширкат мекунад, зеро вуруди раҳбарони ин кишвар ба қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мамнуъ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG