Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо шоҳ Абдулло телефонӣ роҷеъ ба Эрон сӯҳбат кард


Абдулло-шоҳи Арабистони Саъудӣ
Абдулло-шоҳи Арабистони Саъудӣ
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико телефонӣ бо Абдулло–шоҳи Арабистони Саъудӣ сӯҳбат кард, то мувофиқатномаи миёни 6 қудрати ҷаҳонӣ ва Эронро дар бораи барномаҳои ҳастии ин кишвар баррасӣ намояд. Арабистони Саъудӣ ва Исроил-ҳампаймонҳои Амрико аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки аз эҷоди аслиҳаи ҳастаии Эрон нигарон мебошанд.

Дар изҳороти Кохи Сафед Барак Обама ба шоҳи Саъудӣ гуфтааст, барои Эрон муҳим хоҳад буд, ки уҳдадориҳои худро иҷро кунад. Ин уҳдадориҳо рӯзи якшанбе дар поёни мулоқоти Женев ба даст омад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Обама ва шоҳ Абдулло ба тавофуқ расидаанд, ки бо якдигар мунтазам дар тамос бошанд, то вақте ки музокирот роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон давом мекунад.
XS
SM
MD
LG