Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Латвия аз мақомаш истеъфо дод


Валдис Домбровскис, нахуствазири Латвия, дар робита ба суқути боми як фурӯшгоҳи бузург дар Рига, ки 54 нафарро кушт ва 40 тани дигарро захмӣ кард, истеъфо додааст. Мартинс Панке, сухангӯи нахуствазир гуфт, ки Валдис Домбровскис, қарори истеъфояшро имрӯз шарҳ хоҳад дод. Рӯзи 21 ноябр боми фурӯшгоҳи Максима дар Рига айни хариди мардум фӯру рафт. Андрис Берзинс, раиси ҷумҳури Латвия, ин фалокатҳро “куштор” хондааст ва парвандаи ҷиноӣ дар ин замина боз кардаанд. Ҳоло маълум нест, ки сабаби истеъфои нахуствазири Латвия чист, чун касе на худи ӯ ва на ҳукуматашро дар ин ҳодиса гунаҳкор накардааст.
XS
SM
MD
LG