Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия 14 тундрави исломиро дастгир кардаанд


Мақомоти Русия мегӯянд, ки 14 узви як гурӯҳи тундрави исломиро дастгир кардаанд. Вазорати умури дохилӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки аз хонаҳои ин аъзои гурӯҳи Такфир вал-Ҳиҷра аслиҳа ва маводи тарканда низ пайдо кардаанд. Созмони ифротгарои мазкур соли 1960 дар Миср таъсис ёфтааст ва фаъолияти онро аз соли 2010 дар Русия мамнӯъ кардаанд. Бовар меравад, ки Такфир вал-Ҳиҷра дорои ҳалқаҳое дар Аврупо ва кишварҳои дигар аст, ки бо Ал-Қоида иртибот доранд. Русия дар остонаи бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочи, ки моҳи феврал шурӯъ мешавад, тадобири амниятиро тақвият додааст.
XS
SM
MD
LG