Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров ба Санкт-Петребург рафт


Имрӯз, чоршанбеи 27-уми ноябр Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар раъси ҳайате аз мақомоти парлумонӣ ба шаҳри Санкт-Петребурги Русия сафар кард. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаҳои байнипорлумонии ИДМ, АвроОсиё ва СПАД ба Санкт - Петербург сафар кард."

Ҷаноби Султонов афзуд, ки "Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни ин сафар дар нишасти навбатии Шӯро ва ҷаласаи 39 - уми ассамблеяи ИДМ, АвроОсиё ва нишасти баунибпорлумонии СПАД иштирок хоҳад кард. "

Ҳамчунин ба иттилои Муҳаммадато Султонов, раиси порлумони Тоҷикистон дар конфаронси "Амнияти ҳастаӣ дар ҷаҳони муосир ва нақши парламентаризм дар раванди безараргардонии он" ширкат мекунад. Интизор меравад, Шукурҷон Зуҳуров дар чорчӯби сафар ва ширкат дар ин нишастҳо, бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои дигари ИДМ дидору мулоқотҳои дуҷониба анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG