Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум хостори наздикӣ бо мусулмонон шуд


Попи Рум Франсис хостори ислоҳот дар Ватикан шуда ва аз католикҳои ҷаҳон хостааст, барои мубориза бо камбизоатӣ бештар саъй кунанд. Дар як санаде, ки рӯзи сешанбе Ватикан нашр кард, Поп Франсис гуфтааст, “тамаркузи беш аз ҳад” дар давлати Ватикан, “зиндагии калисои католикро сахт мекунад". Ба гуфтаи ӯ, низоми Калисои Ортодокс, ки ба шӯроҳо тақсим шудааст, барои католикҳо ҳам дарс шуда метавонад. Попи Рум ҳамчунин гуфтааст, ки наздиктар шудан бо мусулмонон барои калисои католик “бисёр муҳим” аст. Ӯ афзудааст, ки католикҳо бояд муҳоҷирони мусулмонро бо “меҳрубонӣ ва эҳтиром” қабул кунанд, ҳамонгуна ки насрониҳо аз кишварҳои умдатан мусулмоннишин чунин интизорро доранд. Аммо Попи Рум гуфтааст, ки масъалаи пазируфтани занон ба ҳайси кашиш дар калисо ҷойи баҳс надорад, католикҳо мавзеъгирии худ дар баробари исқоти ҳамлро тағйир дода наметавонанд. Бар асоси ойини католикҳо аборт ва ё исқоти ҳамл гуноҳ аст.
XS
SM
MD
LG