Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: "Созишномаро имзо мекунам, агар талаботам қабул шавад"


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, танҳо баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ созишномаи амниятӣ бо Амрикоро имзо мекунад.

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, мегӯяд то замони анҷоми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи апрели соли 2014, созишномаи амниятӣ бо Амрикоро имзо нахоҳад кард, бо вуҷуди онки Луя Ҷирга, як ниҳоди машваратии қабиласолорон ва шахсиятҳои бонуфуз аз ӯ хостааст, ки ин санадро то охири имсол имзо кунад. Акбар Аёзӣ, мудири Радиои Афғонистони Озод дар ин бора сӯҳбати ихтисосие бо Ҳомиди Карзай анҷом дод.


Радиои Озодӣ: Муҳтарам раиси ҷумҳур шумо аз Луя Ҷиргаи машваратӣ хостед, ки Созишномаи Дуҷонибаи Амниятӣ бо Иёлоти Муттаҳидаро баррасӣ кунад. Акнун Луя Ҷирга корашро анҷом дод. Оё шумо аз тавсияҳои он хушҳол ҳастед ва ончиро ки мехостед, ба даст овардед:

“Ҳоло афғонҳо мехоҳанд, ки созишнома бо Амрико ниҳоӣ шавад ва Луя Ҷирга кори хубе кард, ки аз он ҳимоят кард. Мо ин созишномаро ба нафъи мардуми Афғонистон медонем. Аммо шарти мо дар имзои созишнома таъмини амнияти хонаҳои афғонҳост. Амрикоиҳо бояд ба ҳамлаҳо ба хонаҳои афғонҳо хотима диҳанд. Шарти дигари мо сулҳ дар Афғонистон аст. Агар мо сулҳ надошта бошем, созишнома бо Амрико барои Афғонистон ба шарр табдил хоҳад шуд, на ба хайр. “

Радиои Озодӣ: Раиси ҷумҳури мӯҳтарам дар Луя Ҷирга 36 моддаи дигаре барои изофа кардан ба қарордод пешниҳод карданд ва аз шумо хостанд, ки то охири имсол мувофиқатномаро имзо кунед. Оё ин моддаҳо изофа хоҳанд шуд ва шумо созишномаро то охири имсол имзо мекунед?

“Имзои қарордоди амниятӣ бо Амрико то хатми имсол, тақозои Амрикост, на тақозои мардуми Афғонистон. Ин тақозои Амрико ва хостаи Амрикост ва ин қарордод наметавонад, бар асоси тақозои як тараф имзо шавад. Мо ҳам тақозо дорем. Амрико шарти имзояшро пеш аз охири соли исавӣ монда ва мо шарти имзояшро манъи ҳамалоти Амрико ба хонаҳои мардуми Афғонистон мондем ва оғози амалии прусаи (тарҳи) сулҳ мондем. Амрикоиҳо ин ду шарти моро бароварда кунанд, мо ҳозир ба имзои қарордод ҳастем ва дар у сурат, ки ин ду шарт, амалӣ шавад,
қарордод ба хайри мардуми Афғонистон аст. Албатта масъалаи интихобот, масъалае буд, ки аз баҳси мову сафири Амрико бархост ва ун масъаларо дишаб Сюзан Райс мушовири амнияти миллӣ ба мо итминон дод, ки Амрико нияти мудохила дар интихобот надорад ва мехоҳад, интихобот ба вақташ ва ба замонаш даври аввал ва агар ба даври дуввум рафт, даври дуввум ба вақту замонаш шавад, ки феълан онҳо итминон доданд ва мо бубинем, ки уно дар ин масъала чӣ мекунанд,”

Радиои Озодӣ: Яъне Сюзан Райс, мушовири амнияти миллии Амрико ба шумо итминон доданд, ки дар пешбурди одилонаи интихобот кӯмак хоҳанд кард?

“Ман дар ин маворид бо мушовири амнияти миллии Амрико сӯҳбат кардам ва ҷараёни интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳуриро барояш гуфтам, ки Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ чӣ тавр мудохила карданд. Чӣ тавр интихоботи моро ба таъхир бурданд. Чӣ тавр даври аввали интихоботи моро бадном карданд. Ва ба ҳамон далелу таҷрибаи гузашта ва ба ҳайси раиси ҷумҳури Афғонистони имрӯз вазифа дорам, ки нагзорам, ки дубора интихоботи Афғонистонро хориҷиҳо ё бадном кунанд ва ё ба дарозо бикашонанд, то боз уно муомилаи худро тай кунанд. Мушовири амнияти миллии Амрико итминон дод, ки ин бор дар интихоботи мо мудохила намекунанд. Феълан мо итминонашонро гирифтем ва зери назар дорем, инҳоро ки ба интихобот мудохила мекунанд, ё не. Дар вақташ дар ин бора сӯҳбат мекунем.“

Радиои Озодӣ: Оқои раиси ҷумҳур, хонум Райс баъд аз сӯҳбатҳо бо шумо дар қасри раёсати ҷумҳурӣ гуфта, ки онҳо ниҳоят мутаасифанд, ки шуморо натавонистанд, розӣ кунанд, ки ин мувофиқатнома зудтар имзо шавад. Ва онҳо гуфтанд, ки умедворанд, Амрико дар вазъе қарор нагирад, ки билохира тасмим бигирад, ки аз Афғонистон ҳама қувваҳои худро хориҷ кунад. Шумо мефаҳмед, ки Амрико мутааҳид аст, ки миллиардҳо доллар барои тақвияти қувваҳои амниятии Афғонистон, масоили инкишофии Афғонистон кӯмак кунад. Шумо ҳозир ҳастед, ҳамин 8 ё 9 миллиард долларро дар хатар биандозед?

“Хуб, тасмими Амрико кори Амрикост. Онҳо метавонанд, тасмим бигиранд, ки бошанд ва ё метавонанд, тасмим бигиранд, ки набошанд. Замоне, ки тасмим гирифтанд, ки набошанд, агар мо ҳазор қарордоди амниятӣ ҳам барояшон бидиҳем, онҳо мераванд. Мо дидем. Ман худам муовини вазири умури хориҷӣ будам, дидам, ки чӣ тавр баъд аз он ки (соли 1990) шӯравӣ аз Афғонистон рафт, Амрико ва ғарбиҳо, Афғонистнро раҳо карданд. Мо пешашон мерафтем, ки як маъмури кӯчактона дар сафоратҳоятон монед, гуфтанд, на хайр, бастанд сафоратҳояшонро ва рафтанд. Агар манфиати онҳо набошад, ҳеҷ гоҳе ба мо арзиш қоил намешаванд ва на инҷо меоянд. Амрико агар имрӯз дар Афғонистон мехоҳад бошад, бар асоси манфиати худаш аст, чӣ ӯ манфиати амниятиашон бошад, чӣ манфиати бузурги иқтисодӣ ва дигар масоилшон бошад. Мо ба ҳайси як миллат ҳаққи таҳҳафуз ва пешбурди манфиати худро дорем. Ҳарчанд ғарибу бечора ҳастем, вале ҳаққи инро дорем, ки манфиати худро ташхис кунем ва барои ӯ манфиат кӯшиш кунем, барои нигаҳдошташ ва барои пешбурдаш. Мо дар Ҷиргаамон, миллати Афғонистон файсала кард, ки бо Амрико дӯстӣ мехоҳад ва барояш пойгоҳ медиҳад. Мо таҷрибаи 10 соли гузаштаи худро ҳам дар ин маврид дорем, мо медонем, ки Амрико дар кадом маврид садоқат кард ва дар кадом маврид накард. Ва то ба ҳол Амрико дар Афғонистон ба номи Миллали Муттаҳид буд. Баъд аз имзои ин қарордоди амниятӣ Амрико дар Афғонистон бар асоси имзои қарорди амниятӣ бо мо мебошад ва баъд аз имзои қарордод тамоми аъмоли Амрико дар ҳақиқат хубаш ё бадаш ба иҷозаву ба имзои мо мебошад. Ба ин тартиб, агар Амрико барои идомаи ҳузури худ дар Афғонистон баъд аз 2014 ба асоси имзои ҳукумати Афғонистон мехоҳад бошад, бояд шароити Афғонистонро қабул кунад ва ӯ шароити миллати Афғонистон аст, ки ӯ ҳайсият ва амнияти хонаҳои мост ва ӯ сулҳи мост. “

Ба назари шумо, чаро Амрико пофишорӣ дорад, ки созишномаи аниятӣ ҳарчӣ зудтар имзо шавад?

“Амрико ҳадафҳо ва барномаҳои худро дорад. Ҳарчӣ ки дар паси барномаву ҳадафҳояшон ҳаст, уно медонанд. Аммо мо афғонҳо бояд барномаҳои худро дошта бошем. Мо ба амрикоиҳо нишон додем, ки бо онҳо дӯстиву рафоқат мехоҳем. Мо мухолифи онҳо нестем. Аммо бо ин дӯстиву рафоқат бо Амрико, афғонҳо мехоҳанд, манофеъи Афғонистонро ҳимоят кунанд. Мо намехоҳем, муқобили манофеъи Амрико бошем, вале мехоҳем, сарзамини худамонро муҳофизат кунем. Манофеъи ватани мо кадомҳоянд? Манофеъи мо, муҳофизати хонаҳои афғонҳо аз ҳамлаҳои амрикоиҳо, амалиётҳои шабона ва беҳуда ранҷ кашидани мардум аст, ки занону кӯдакони афғон аз тарси бомбу чархболҳои амрикоӣ нимашаб хонаҳои худро тарк накунанд. Шумо хуб медонед, ки тайи чанд соли гузашта, мардум аз тарси ҳамлаҳои шабонаи амрикоиҳо, занону кудакони худро ба кӯҳҳо мебурданд. Вақте, ки мардуми мо аз тарси нерӯҳои амрикоӣ ҳанӯз ҳам хонаҳои худро тарк мекунанд, имзои созишномаи амниятӣ бо Амрико имконнопазир аст. Агар Амрико мехоҳад, қарордодро бо мо ниҳоӣ кунад, пас бояд амнияти хонаҳои афғонҳоро эҳтиром кунад ва бигзорад, ки кӯдакону мардон ва занони афғон дар хонаҳои худ амн зиндагӣ кунанд. “

Радиои Озодӣ: Шумо дар суханронии ахири худ дар Луя Ҷирга як масъаларо возеҳ кардед. Шумо гуфтед, ки калиди сулҳ дар Афғонистон дар дасти Амрикову Покистон аст. Лутфан инро тавзеҳ мекардед?

“Бар асоси далелҳои зиёд ман метавонам, инро собит кунам, ки ҷанги мудавом дар Афғонистон ба мо таҳмилшуда аст ва афғонҳо барои манфиати каси дигаре, қурбон мешаванд. Мо монеъи ҳадафи Амрико, ё кадом қудрати бузурги дигар нашудаем. Вале мо талаб дорем, ки агар шумо Афғонистонро ҷое барои пешбурди манфиатҳои худ медонед, пас бояд ба манофеъи Афғонистон ҳам таваҷҷӯҳ кунед. Мо ҳеҷ чизи дигар талаб надорем.”

Радиои Озодӣ: Оқои раиси ҷумҳур, яъне шумо мегӯед, ки Покистону Амрико ҳоло масъули ноамнӣ дар Афғонистон ҳастанд” Ва онҳо ё метавонанд, барои ба эътидол овардани авзоъ дар инҷо ягон коре кунанд?

Ҳомиди Карзай: “Ба ҳадди зиёде онҳо масъул ҳастанд. Ҳукумати Афғонистон ҳам дар ин нооромӣ саҳм дорад. Заъфи мо ва хатоҳои мо бахше аз ин нокомӣ аст. Аммо тавре шумо ҳам хуб медонед, тамоми лонаҳои бузурги террористон дар Покистон аст ва Амрико ҳам гуфтааст, ки паноҳгоҳҳои террористон дар Покистон аст. Рӯзномаҳои амрикоӣ батакрор гузориш додаанд, ки қарордодҳои амрикоӣ баъзе аз гурӯҳҳои мусаллаҳро қавитар кардааст. Барои чӣ онҳо ин гуна қарордод мебанданд? Шаш ва ё ҳафт сол пеш ман дар мавриди ингуна ширкатҳои хусусӣ бо Амрико ихтилофоти амиқи назар доштам. Ин ширкатҳои хусусии амниятӣ кистанд ва чаро ман мухолифи онҳо будам? Ҳамаи ин ширкатҳои хусусӣ аз афроде буданд, ки аз тарафи амрикоиҳо ҳимоят мешуданд ва тамрин мегирифтан ва дар як сол 2 миллиард доллар мегирифтанд. Онҳоро барои муҳофизати корвонҳои лавозимоти амрикоиҳо киро карда буданд. Аммо дар воқеъ онҳо сабаби асосии ноамнӣ буданд.”

Радиои Озодӣ: Ба андешаи шумо, оё нерӯҳои амнияти Афғонистон ба танҳоӣ тавоноии муқобила бо Толибонро доранд?

Ҳомиди Карзай: “Ин вазифаи мост. Мо ҳама афғонем ва якдигарро хуб медонем. Ҷанг ва ё сулҳ кардан бо Толибон, масъалаи мост. Соли гузашта ҳангоми сафарам ба Вашингтон як рӯз қабл аз мулоқот бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар як нишасти бисёр муҳим ман бо Том Донилон, мушовири амниятии ӯ, мақомҳои баландпояи Кохи Сафед, хадамоти иттиллоотӣ ва генералҳо мулоқот доштам ва мушовири амнияти миллӣ ба ман гуфт, “Толибон душмани мо нестанд ва мо намехоҳем бо онҳо биҷангем.” Ман ба ӯ гуфтам: “Ин чизи бисёр хуб аст ва мо ҳаминро мехоҳем. Мо солҳо ба шумо гуфтем, ки бомборони мардум ва ҷанг бо мардум дар дохили Афғонистонро бас кунед. Пас агар шумо, Толибонро душман намеҳисобед, ки ман ҳам инро аз шумо мехоҳам ва ман хурсандам, ки шумо инро эътироф кардед, пас чаро ҳар шаб бо баҳонаи ҷустуҷӯи Толибон ба хонаҳои афғонҳо меравед.” Ин суоли ман баъд аз имзои созишномаи амниятӣ ҳам хоҳад буд. Барои ҳамин ман ҳеҷ гоҳ наметавонам ба ин чиз иҷоза бидиҳам. Созишномаи амниятӣ бояд ба амалиётҳои амрикоиҳо хотима диҳад.”
XS
SM
MD
LG